Ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар марз: кӣ чӣ гуфт?

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ гуфтушуниди ҳайати баландмақоми Тоҷикистону Қирғизистон аз соати 10 - и рӯз то ба ин дам дар марзи миёни Исфара ва Бонканд идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Як манбаъи огоҳ аз ҷараёни музокирот дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки гуфтушуниди ҷонибҳо то дер идома хоҳад дошт.

Як бому ду ҳаво? Ҳайат дар Исфара, баррасиҳо дар Бишкек -аксҳо

Аз раванди баргузории ин гуфтушунид бармеояд, ки ҷонибҳо ба фарқ аз музокиротҳои қаблӣ ин бор масоили руйдодҳои ахири марзиро дар фосилаи дарозои вақт ба баррасии ҳам гузоштаанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ин музокирот таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон ҷараён дорад. Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъулини баландмақоми ду кишвар аз ҳисоби раисони кумитаи амнияти миллӣ, додситонҳои кул, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои сарҳадбонӣ иштирок доранд.

Мӯйсафеди қирғиз дар бораи зиндагӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт - видео

Бино ба иттилои онҳое, ки дар раванди ин ҷаласа дар марз иштирок доранд, ҳам Азим Иброҳим ва ҳам Ҷениш Раззоқов дар масъалаи рухдоди танишҳои ахири марзӣ, ки ниҳоят ба тирпаррониҳо анҷомид ибрози назар кардаанд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат бо ҳамтои қирғизаш қабл аз оғози кори ҷаласа таъкид варзидааст, ки масъалаҳои вобаста ба марзи ду кишвар дар асоси гуфтушунидҳои каблӣ ва санадҳои қаблан тасдиқшуда баррасӣ карда шаванд.

"Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ҳамеша омода аст, робитаҳояшро бо кишварҳои хориҷии дуру наздик тақвият бахшад. Дар доираи салоҳиятҳое, ки кишвари Тоҷикистон дар ихтиёр дорад талош меварзад, масъалаи марзро бо кишварҳои ҳамсоя ҳаллу фасл намояд", -  гуфтааст Иброҳим.

Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон иброз намудааст, ки кишвари онҳо низ ҷиҳати ҳалли мусолиҳатмоези масъалаҳои марзӣ ҳама кӯшишҳоро равона мекунад.

"Воқеъан ҳар як низое, ки дар марз рух медиҳад, ба нороҳатии сокинони ду ҷониб боис мешавад”, -  гуфтааст Раззоқов.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо аз ҷумла ба таъмини зиндагии сокинони наздимарзӣ таъкид кардаанд.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки чанд воқеаҳои ахири рухдода дар марз нишон дод, ки баъзе аз сокинони вилояти Бонканди Қирғизистон бо амалкарди худ, муносибатҳои ҳамсоядориву дӯстии байниҳамдигариро дар марз сарфи назар гузошта ва бо баҳонаҳои беасос дар нором кардани марз пардохтаанд.

Як моҳ ҳабси сокинони Кок - Тош барои сангандозӣ ба мошини тоҷикистонӣ

Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни ҳам 976 километр марзи муштарак доранд ва аз ин рақам то ба ҳол 504 километри он муайян шудаву қариб 50 % и дигар ҳамчунон номушаххас боқӣ мондааст. Аммо номуайянии марзи давлатӣ борҳо сари тақсими тақсими обу замин дар марз ба рухдоди баҳсу танишҳои марзӣ боис шудааст.

То замоне, ки ин гузориш омода мешуд, монебеъи огоҳ аз ҳамчунон идома доштани музокироти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар марз миёни Исфара ва Ботканд хабар доданд.