Вазири дастрас: Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълом шуд - видео

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзодаро мардуми Тоҷикистон "вазири дастрас" унвон кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Имрӯз, 14-уми январ дар ҷаласаи мутантан сардабири ҳафтаномаи "Тоҷикистон" Шариф Ҳамдампур ба вазири фарҳанги Тоҷикистон дипломи “Вазири сол-2019”- ро тақдим намуд.

Тақдими диплом дар заминаи пурсиши ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ки хонандагон вазири фарҳангро назар ба дигар вазирони кишвар дастрастарин мансабдор унвон карданд, сурат гирифтааст.

Озода Раҳмон ва Шамсиддин Орумбекзода: 10-гонаи беҳтарини соли 2019 муайян шуд

Дар қатори вазири фарҳанг 10 чеҳраи дигари мавриди таваҷҷуҳ, ки дар бахшҳои муҳим муваффақ ҳисоб мешаванд, чеҳраи сол эътироф карданд.

Тавре нашрия дар такя ба андешаи мардум менависад: "Шаҳрвандони кишвар моҳҳо пушти дари вазирон навбат меистанд, ки ба қабули онҳо шарафёб гарданд, вале вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода аз ин шумул инсонҳо нест".

"Ӯро метавон дар кӯчаву бозор ва ё роҳрави вазорат вохӯрд ва бенавбат ба дидораш расид. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ низ корафтодагон метавонанд муддаояшонро ба вазир гӯянд. Орумбекзода дар рӯзи иду ҷашнҳо бевосита ба хонаи ҳунармандони калонсол рафта, онҳоро аёдат мекунад, дар мавлуду шабҳои эҷодиашон ширкат варзида, табрик мегӯяд. Умуман, ӯ вазири фурӯтан, мардумӣ, дастрас ва ҳалолкор аст”.

Манбаъ афзуда, ки вазир дар Душанбе хонаи шахсӣ надорад ва дар бинои ҳукуматӣ иқомат мекунад.

Бинобар ин, аксари респондентон Орумбекзодаро вазири сол интихоб карданд.