IRS: агар зарурат пайдо шавад, боз роҳро мебандем

Феълан тамоми қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд аз барф тоза карда шудаанд, аммо агар зарурат пеш омад, боз роҳро мебандем, мегӯяд сухангӯи ширкат
Sputnik

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз ду тараф барои ҳаракати тамоми намуди нақлиёт боз аст. Ёдрас мешавем, 12 январ дар қитъаи роҳи Лаби ҷари минтақаи Сангвор тарма фаромада буд. Роҳ барои таъмини амнияти ронандагон ва таҳдиди резиши тармаи навбатӣ тамоми рӯз баста буд.

Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Сухангӯи ширкати IRS мегӯяд, тфеълан тамоми қитъаҳои роҳ аз тарма тоза карда шудааст. Аммо хатари резиши он боқӣ мемонад.

IRS: агар зарурат пайдо шавад, боз роҳро мебандем

"Кормандони ширкати мо барои тоза нигоҳ доштани роҳ ва таъмини бехатарии ронандаҳо якҷо бо КҲФ, БДА ва Вазорати нақлиёт кор мебаранд", - афзуд Далер Абдулло.

Бархӯрди маргбори 2 “Опел зафира” дар роҳи Душанбе-Чаноқ-аксҳо

Сухангӯи ширкат мегӯяд, ҳарчанд IRS кӯшиш мекунад, ки яке аз роҳҳои асосии кишвар доим боз бошад, аммо агар зарурат пайдо шавад, роҳро мебанаданд.

"Ин брои таъмини амнияти мусофирон аст", - таъкид мекунад Далер Абдулло.

 

Вай ҳамчунин афзуд, агар ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба мушкилие дучор шаванд, ширкат онҳоро бо сарпаноҳ таъмин мекунад.

"Дар аввалҳои моҳи январ бештар аз 150 ронанда ва мусофиронро муваққатан дар хобгоҳҳо ҷой дода, бо хӯроки гарм таъмин кардем", - меафзояд вай.