Бӯри Карим: бо насби трубинаҳои дигари "Роғун" қисме аз роҳи атрофи он зери об меравад

Ҳамчунин роҳи ҷадид заминаи иртиботи навоҳии перомунии маҳалли сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғунро бо ҷодаи аслии Тоҷикистон - Қирғизистон фароҳам хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Раиси Шӯрои роҳсозони ИДМ, сохти ҷодаи ҷадид аз минтақаи Обигарм то маркази ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистонро барои навоҳии перомуни нерӯгоҳи барқи обии Роғун бисёр муҳим арзёбӣ кард.

Бӯри Карим: бо насби трубинаҳои дигари "Роғун" қисме аз роҳи атрофи он зери об меравад

Бӯрӣ Каримов бо ишора ба ихтисоси воми 150 миллион долларии Бонки Рушд ва бозсозии Аврупо барои сохти ин масири 44 километрӣ гуфтааст, ки дар ояндаи наздик, зарурати кӯч додани сокинони теъдоде аз рустоҳои ин минтақа ба далели обгирии сади 335 метрии нерӯгоҳи барқи обии Роғун пеш хоҳад омад.

Бӯрӣ Каримов: агар бозсозии Горбачёв намебуд имрӯз мо магар соҳибистиқлол будем?

Раиси Шӯрои роҳсозони ИДМ афзуд, бо насби турбинаҳои сеюм ва чаҳоруми нерӯгоҳи барқи обии Роғун бахшҳое аз роҳи феълии Душанбе – Нуробод зери об хоҳад рафт ва бояд ҳарчӣ сареътар масири ҷадид миёни Обигарм то маркази ноҳияи Нуробод сохта шавад.

Ҳамчунин роҳи ҷадид заминаи иртиботи навоҳии перомунии маҳалли сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғунро бо ҷодаи аслии Тоҷикистон - Қирғизистон фароҳам хоҳад кард.

Тоҷикистон бо ҷазби воми 150 миллиондолларии Бонки Рушд ва бозсозии Аврупо талош мекунад, ки аз тариқи муноқиса, ширкатҳои муҷрӣ барои сохти роҳи ҷадиди минтақаи Обигарм то маркази ноҳияи Нурободро мушаххас кунад.