Дар Афғонистон беш аз 13 ҳазор ҷангафзори сабук ва худрави низомӣ нопадид шуд

Дар Афғонистон беш аз 12 ҳазор ҷангафзори сабук ва 1100 худрави низомӣ дар вилояти Ҳилманд ҷануби ин кишвар нопадид шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday” расонаи таҳқиқотии Пайки Афғонистон гузориш дод, беш аз 12 ҳазор ҷангафзори сабук ва 1100 худрави низомӣ дар камтар аз ду даҳсолаи гузашта дар вилояти Ҳилманд ҷануби Афғонистон нопадид шудааст.

Ҳуҷуми Толибон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон: 17 кас кушта шуд

Сабти беш аз 16 ҳазор шикоёт аз нақзи қонуни интихобот дар Афғонистон

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Тасним иттилоъ додааст, ки фармондеҳи полиси Ҳилманд эътироф кард, ҳудуди 80 дарсади ин таҷҳизоти низомӣ дар солҳои гузашта ба дасти мухолифони мусаллаҳи давлат афтодааст.

Аммо ӯ қайд намудааст, ки дар бораи сарнавишти 20 дарсад аз ин таҷҳизот  иттилое дар даст надорад.

Духтарони Афғонистон ба иллати ҷангу ноамнӣ аз таҳсил дур монданд

Ба гузориши маркази таҳқиқотии Пайк, беш аз сад низомӣ аз ҷумла 12 фармондеҳ дар робита бо нопадид шудани ин таҷҳизот ба ниҳодҳои қазоӣ муаррифӣ шудаанд.