"Билети арзонда биё, бача": як марди тоҷик дар Русия 400 ҳамватанашро фиреб кард

Ӯ дар шаҳри Санктпетербург ба муҳоҷирони зиёд чиптаи ҳавопаймои қалбакӣ фурӯхта, онҳоро фиреб дода ва ғайб задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар Санктпетербург 400 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамватани худ фиреб хӯрдаанд. Ба онҳо марди тоҷике чиптаи қалбакии ҳавопаймо фурӯхта, фиреб додааст. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

Боздошти зани қаллоб: беш аз 80 ҳазор маблағи сокинони пойтахтро аз худ кард

Бино бар иттилои манобеъ, қаллоб ба боварии муҳоҷирон даромада, ба онҳо бо ваъдаи нисбатан арзон дастрас кардани чипта, билетҳои қалбакиро фурӯхтааст.

Ба гуфтаи ҷабрдидагон, марди қаллоб чиптаи ҳавопаймоеро, ки дар нуқтаҳои билетфурӯшӣ 20-21 ҳазор рубл арзиш доштаанд, ба 15-16 ҳазор мефурӯхтааст.

Боздошти хонахари қаллоб: 71 ҳазор доллари сокини Зарнисорро гирифта, фиреб дод

Баъд аз фурӯши чиптаи зиёд қаллоб ғайб задааст.

Шаҳрвандони фиребхӯрдаи Тоҷикистон ба пулис ва Консулии Тоҷикистон дар Петербург муроҷиат кардаанд.

Тафтишоти қазия идома дорад.