ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк. Ҳайати расмии мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон санаи 14 январи соли равон вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон.
“Ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии Жениш Разоқов, муовини нахуствазири ин кишвар бо ҳайати Тоҷикистон вазъ дар марзро баррасӣ хоҳанд кард. Қарор аст дидору гуфтугӯ дар минатақаи наздимарзӣ рӯзи 14 январи соли равон баргузор шавад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Зимни дидору гуфтугӯ масъалаи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин зимни мулоқот тарафҳо чораҳои баъдӣ барои тасбити вазъияти минтақа, масъалаи пурзур намудани амнияти марзӣ, роҳандозии чораҳои пешакӣ барои огаҳ намудани ҳодисаҳои марзӣ, ҳамчунин масъалаи аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сооронбой Жээнбеков, Президенти Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Дар ин зимн президентҳо ба мавзӯи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадот махсус таъкид гардид.