Тағйироти кадрӣ: Раҳмон раисони навоҳии Хатлон, Суғд ва ВМКБ-ро аз вазифа озод кард

Дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ шуд. Раисиҷумҳур раисони навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ -ро аз вазифа озод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Қабодиёни вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардиданд.

Котибот мегӯяд, ба ин вазифаҳо ҷавонони кордону мутахассисони варзида таъин гардидаанд.

Ҳамин тавр, Мирзозода Низом бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Прокуратураи генералӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.