Washington Post: Амрико як қумандони баландпояи Эронро ҳам куштанӣ буд

Куштори Қосим Сулаймонӣ ва як қумандони дигари баландпояи Эрон қисме аз нақшаҳои кулли Қувваҳои мусаллаҳи Амрико буд, менависад расона
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Иёлоти муттаҳаидаи Амрико мехост як қумандони баландмартабаи Эронро низ маҳв кунад, менависад Washington Post.

Ҳодисаи Эрон: ИМА наметавонад иродаи худро ба рақибони баландпоя вогузор кунад

Бино бар иттилои рӯзнома, ҳамон рӯзе, ки Амрико генерал Қосим Сулаймониро кушт, нақша дошт қумандони баландпоя, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Абдулризо Шаҳлоиро низ маҳв кунад.

Аммо амалиёти зидди Ризоӣ натиҷае надодааст.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, анҷоми ду амалиёти махсус зидди низомиёни Эрон дар як рӯз, далели он аст, ки куштори Қосим Сулаймонӣ қисме аз нақшаи кулли Қувваҳои мусаллаҳи Амрико буд.

Рӯҳонӣ: амрикоиҳо ба аксуламали шадидтаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд

Мақомоти Амрико аз тафсилоти сӯиқасд ба ҷони Шаҳлоӣ даст кашидаву эътироф кардаанд, ки он бенатиҷа буд.

Ба иттилои яке аз масъулини амрикоӣ, Вашингтон ҳатто мехост дар бораи маҳви ду низомии эронӣ якбора эълом кунад.

Ёдрас мешавем, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди ҷумъаи гузашта (севуми январи 2020) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои  амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ кушта шуд.