Рӯҳонӣ расман аз раисҷумҳур ва мардуми Украина барои иштибоҳи бузург пӯзиш пурсид

Ҳасан Рӯҳонӣ раисҷумҳури Украина ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский дар робита ба суқути ҳавопаймои Boeing-737 тамос гирифт ва расман барои ин иштибоҳи бузург бахшиш пурсид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ бо Владимир Зеленский президенти Украина расман аз мардуми ин кишвар барои суқути ҳавопаймои Boeing-737  пӯзиш пурсид ва ба наздикони қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатбор  изҳори ҳамдардӣ кардааст, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Украина.

"Хатои инсонӣ": Эрон иқрор шуд, ки ҳавопаймои Украинаро тасодуфан задааст

Рӯҳони пас аз он ки Эрон расман даст доштани худро дар суқути ҳавопаймо тасдиқ кард, ба раисҷумҳури Украина сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Котиботи раисҷумҳури Украина мегӯяд, ки тамоси телефонӣ бо дархости Ҳасани Рӯҳонӣ раисҷумҳури Эрон сурат гирифт.

"Кишвардори Эрон тасдиқ намудаст, ки ҳавопайморо иштибоҳан низомиёни кишвараш ҳадафи ҳамла қарор додаанд”, - омадааст дар хабари котиботи раисҷумҳур.

Зимнан, Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сӯҳбат ба Владимир Зеленский ваъдо додааст, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Эрон суқути Боинги Украинаро бар асари зарбаи мушакӣ рад кард

Гузашта аз ин, Рӯҳонӣ қавл додаст, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҳаводис ба Украина ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчунин ҷуброни ин зарари калонҳаҷм ба Украинаро низ ҷониби Эрон ба зимма гирифтаст.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои  Boeing-737- и украинӣ  субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.

Андӯҳи Раҳмон аз суқути ҳавопаймо дар Теҳрон: барқия таслият ба Зеленский ва Руҳонӣ

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.

Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир  ва Олмон буданд.