Говдуздӣ бо "Nexiа": мақомот гумонбаршудаҳоро ошкор карданд

Сокинони деҳоти ноҳияи Айнӣ аз пайдо шудани чорвои гумшудаи худ хабар медиҳанд, ки ҳудуди се моҳ пеш моли онҳо тавассути нақлиёти сабукрави “Nexia” аз оғилхонаҳо дуздида шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Акбар Шарифи сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд аз ошкоршавии ҳодисаҳои дуздии молу чорвои дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон хабар додааст.

Бино ба иттилои Шарифӣ, Ҳусейнов Маъруф Ҳасанович, сокини деҳаи Рукнобод ва Шокиров Тоҷиддин Абдувосиевич, сокини деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент аз шумори гумонбароне будаанд, ки давоми моҳҳои октябр-декабри соли 2019 ба дуздии чорвои мардум дар деҳаҳои Хушекат, Искодар ва Анзоб и ноҳияи Айнӣ машғул шудаанд.

"Гумонбаршудаҳо бо нақлиёти сабукрави тамғаи “Nexia” дар ҳудуди деҳоти Айнӣ, дар шаш ҳолат аз оғилхонаҳои дар назди шоҳроҳ ҷойгир буда, даҳ сар моли майда ва панҷ чорвои калони шохдори аҳолиро тасарруф кардаанд, ки арзиши эҳтимолии он 25 ҳазору 500 сомонӣ ро ташкил медиҳад", - хабар додааст сухангӯи РВКД дар Суғд .

Ҳаракатҳои ҷинояткоронаи ин афрод дар ҳоле ошкор шудааст, ки онҳо ба дуздии навбатии чорвои мардум аз оғилхонаҳои назди шоҳроҳ дар деҳоти Айнӣ даст задаанд.

"Бегоҳрӯзӣ соатҳои 19-20 омада, чорворо дуздӣ карда мерафтем", -  гуфтааст яке аз гумонбарони дасгиршуда.

Дар “гармо гармӣ” дуздон дастгир шуданд: ошкори ду ҳолати дуздӣ
Айнӣ, аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва парвариши чорво яке аз роҳҳои дарёфти рӯзии мардуми ин ҷо ҳисоб меравад. Сокинон мегӯянд чорвои онҳо баҳору зимистон дар кӯҳҳо парвариш меёбанд ва барои эмин мондан аз ҳамлаи гургон, онҳоро шабонгоҳ дар оғилхонаҳо нигоҳ медоранд. Аммо аз ин фурсат дӯздон истифода карда чорвои онҳоро рабудаанд.

Як сокини деҳоти Айнӣ гуфтааст, саҳар вақте аз дӯздида шудани молаш хабардор шудааст, ки қулфи дари оғилхонааш шикаставу дари он кушода ва чорвои шаб онҷо нигоҳдоштааш дар ҷояш нест.

Хонаи ҷавонзанро дар Хуҷанд дуздон дар 1 моҳ 3 бор задаанд: 46,8 ҳазор сомониро бурдаанд

Баъди рухдоди ин ҳодиса сокинон аз рабуда шудани молу чорвояшон ба мақомоти милитсия муроҷиат додаанд.
Дар пайи таҳқиқи ҳодиса кормандони милитсияи ноҳияи Айнӣ сокинон Ҳусейнов Маъруф Ҳасанович ва Шокиров Тоҷиддин Абдувосиевич дасгир кардаанд, ки аз ҷониби ин ашхос чорвои дуздидашуда ба нақлиёти сабукрав боркарда шуда ба бозорҳои чорвофурӯшии шаҳри Панҷакент интиқол дода мешуд.

Баъзе аз чорвои рабудашуда дар манзили гумонбаршуда Шокиров воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ забҳ шуда, дар намуди гӯшт ба қассобхонаҳо супорида мешудааст. 

Рабудани чорво дар Бохтар ва Рӯдакӣ: дуздон ба даст афтоданд

Аз чапдастии гумонбаршуда ҳамчунин дар моҳи ноябри соли сипаришуда дар се ҳолат сокинони ноҳияи Шаҳристон низ зарар дидаанд. Шаш сар гов ва чор сар моли майдаи шохдор ғанимати дуздиҳо аз ҳамин ноҳия аст, ки зиёда аз 14 ҳазор сомонӣ арзиш доштаанд.

Бо ошкор намудани ҳаракатҳои ҷиноятӣ мақомоти милитсия қисме аз чорвои дуздидашударо ба соҳибонаш баргардонид. Сокинон аз ёфт шудани чорвояшон, ки манбаи дарёфти рӯзиашон аст, изҳори хушҳолӣ кардаанд. 

Дар пайи 9 ҳолат, 25 сар чорвои мардум дуздида шудааст. Тафтишон ин ҳама ҳолатҳоро ба гумонбаршудаҳо нисбат медиҳад.