Мудири мактаб ба парлумон пешбарӣ шуд

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Парвина Меликова, мудири мактаби рақами 8-и шаҳри Душанберо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Меликова ҳамчун номзади ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардид, хабар дод ҲХДТ.

Собиқ декан барои курсӣ дар парлумон талош хоҳад кард

Ба иттилои манбаъ, Асрор Латифзода, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, зимни муаррифии Меликова гуфт, ҲХДТ  шахсони ботаҷрибаи ҷомеаро ба ҳайси вакил пешбарӣ менамояд.

Ноиби Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ҲХДТ мекӯшад то аз ҳисоби фаъолзанон ва кормандони соҳаи маориф дар мақомоти олии қонунгузори кишвар теъдоди бонувони донишмандро зиёд кунад.

Вазири тоҷик номзад ба вакилӣ дар интихоботи 2020 шуд-аксҳо

Ахиран аз ҳавзаи интихоботии Данғара рақами 36 Лутфия Абдулхолиқзода,  сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумон пешбарӣ гардиданд. Инчунин номзадии чанд ректору кормандони дигари бахши маориф аз ҷониби ҲХДТ дар интихоботи парлумонии 1 марти 2020 пешниҳод шудааст.