ИМА ба Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба маблағи $575 ҳазор мошинҳои сабукрав дод

воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби ИМА дар доираи Барномаи маблағгузории низомиёни хориҷӣ бо арзиши 575,000 доллари ИМА пешниҳод гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputniк. ИМА бар Вазорати дифоъи Тоҷикистон барои гузаронидани амалиётҳои низомӣ дар шароити кӯҳистон ба баблағи 575 ҳазор доллар  мошинҳои сабукрав таҳвил намуд. Дар ин бора дар сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар  дода шудааст.

Мақомдори баландпояи ИМА ба Тоҷикистон меояд

Тавре дар хабари сафорат омадааст, дар маросими супоридани мошинҳо, ки 10 январ доир гардид, сафири ИМА дапр Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва муовини вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, генерал-майор Суҳроб Маҳмадзода ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ки воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби ИМА дар доираи Барномаи маблағгузории низомиёни хориҷӣ бо арзиши 575,000 доллари ИМА пешниҳод гардиданд. Ба қушунҳои мобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнин релефи маҳалҳо амалиёт гузаронанд.

Ҳамчунин дар хабар зикр шудааст, ки "Иёлоти Муттаҳида омода аст дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии истиқлолият, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ саҳм гузорад".

Иёлоти Муттаҳида тӯли 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва тавассути барномаҳои дастгирӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният беш аз 1,9 миллиард доллари ИМА кӯмак расонидааст.