ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар пайи бархӯрд як зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар маҷруҳ шуданд, хабар доданд шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон.
Бархӯрди маргбори 2 “Опел зафира” дар роҳи Душанбе-Чаноқ-аксҳо
© Sputnik
“Яке аз “Опел”-ҳо аз самти Хуҷанд ба ноҳияи Деваштич ва дигаре аз сӯи шаҳри Истаравшан ба Хуҷанд ҳаракат доштаст”, - изҳор доштанд шоҳидон.
Бархӯрди маргбори 2 “Опел зафира” дар роҳи Душанбе-Чаноқ-аксҳо
© Sputnik
Манбаъ афзуд, бархӯрд ба ҳадде шадид будааст, ки бархе аз маҷруҳонро натавонистаанд, бе кумаки наҷотдиҳандагон аз мошинҳои шикаста берун оранд.
Феълан масъулини БДА ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардаанд. Расман мақомот то ҳол ин садамаро шарҳ надодаанд.