Масаулов: дар Тоҷикистон низоми сиёсии қавитаре шакл мегирад

Сиёсатшиноси рус Сергей Масаулов ба радиои Sputnik дар бораи рушди низоми сиёсии Тоҷикистон дар дарвозаи интихобот гуфт
Sputnik

Комиссияи маркази инхоботии Тоҷикистон иштироки бештар аз 500 нозирони байналмилалиро дар интихоботи парлумонии кишвар интизор аст. Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикисон 1 марти соли 2020 баргузор мешавад.

Масаулов: дар Тоҷикистон низоми сиёсии қавитаре шакл мегирад

Комиссия ба кумитаҳои иҷроияи ИДМ,  САҲА ва як қатор кишварҳои дигар даъватнома ирсол кардааст.

Коршиноси рус Масаулов мегӯяд, дар Тоҷикистон низоми сиёсии қавитаре шакл мегирад.

"Шартҳои рушди ояндаи низоми сиёсии Тоҷикистон интихоб шудани ҷавонон ва роҳбарони аҳзоб дар парлумон ва пешбарии онҳо мебошад. Онҳо бояд дар бархе аз масъалаҳо навгонӣ ҷорӣ намоянд. Дар умум, низоми сиёсӣ дар кишвар нисбат ба гурӯҳҳои гуногуни элита ҳассостар ва қавитар мешавад", - мегӯяд коршинос.

Дар Тоҷикистон дар рафти интихобот баъзе танбеҳҳо ногузир аст, аммо дар умум аз интихоботи солҳои гузашта фарқе нахоҳад кард, афзуд коршинос.