Шаҳрдор аз афзоиши соҳибкору корхонаҳо ва тавлидот ҳисобот дод

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имрӯз дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз натиҷаҳои рушди пойтахт дар соли 2019 ҳисобот дода, барои соли 2020 ҳадафҳо гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласа гуфт, дар соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 15,1 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта  7,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,6 фоизро ташкил дод.

Дидан мехоҳад: Раҳмон сабаби бо худ бурдани Рустамро дар сафарҳо гуфт

Ӯ афзудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзоиш ёфта, ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

“Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 62 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмуъ 31 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфт”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои шаҳрдори Душанбе, шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар давраи ҳисоботӣ ба 42 ҳазору 542 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз ё 1655 адад зиёд мебошад.