Ба шикорчиёни ВМКБ тиру милтиқ доданд - аксҳо

То ба ҳамин рӯз дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 28 сар гург безарар гардонида шуда ба шикорчиёни маҳаллӣ силоҳ ва тир дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Яке аз мушкилоти аҳолии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар фасли зимистон хавфи ҳамлаи гургон ба аҳолӣ ва чорвои шахсии онҳо мебошад.

Зимистони соли гузашта вазъият то ҳадде душвор шуд, ки аз ҳамлаи гургҳо ду нафар ҷон бохтанд ва чандин сар чорвову сагони хонаги туъмаи гургҳо шуданд.

Хадамоти матбуотии мақомои вилоят мегӯяд, ба хотири таъмини амнияти аҳолӣ, Ситоди доимоамалкунандаи назди мақомот таъсис дода шудааст.

"Бо дастгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят ба чандин нафар аъзоёни ассосиатсияи шикорчиён милтиқ ва тир дода шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин манбаъ меафзояд, ки як миқдори қапқон низ вориди вилоят гардида ба шикорчиёни алоҳида, ки дар қапидани ё парондани гургҳо натиҷаи хуб ба даст оварданд дастрас гардида, онҳо аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд карда шудаанд.

Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Ҳалокати модару духтари 83 ва 55-сола аз ҳамлаи гургҳо дар Поршневи ВМКБ

"Дар деҳаҳое, ки шикорчӣ надоранд аз ҳисоби воҳидҳои махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, то ба ҳамин рӯз дар қаламрави вилоят 28 сар гург безарар гардонида шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки гурӯҳи "Алфа"-и КДАМ мардуми ВМКБ - ро аз ҳамлаи гургон ҳимоя мекунад.

Ин гурӯҳ ба ҷамоатҳои Поршинев, Сучон, Навобод, Вер, Ванқалъа, Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, Тусиён, Роштқалъа, Қурбоншо Гадоли ва Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ҷамоатҳои Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додихудоев ва Абдулвосеъи ноҳияи Рӯшон сафарбар гардидаанд.