Ҳаво имрӯз дар Тоҷикистон то 15 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад ва дар бархе аз минтақаҳо ҳарорат то 15 дараҷа мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи    бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  12-17  ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 24-29  ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш  шуда,  дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз  самти ғарб бо суръати  3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва   рӯзона   0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Дар   ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  8-13  дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.     Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук  ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.