Ҷашни асосии Ваҳдати миллӣ имсол дар Мастчоҳ доир мегардад

Интизор меравад, соли ҷорӣ тантанаҳои идонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ҷашни асосии Ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад котиботи раиси вилояти Суғд.

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ-2019 дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҷашни фархунда дар ноҳияи мазкур корҳои ободониву созандагӣ тақвият ёфта, сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Зимнан, чанде қабл раиси вилояти суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашн , ҷаласаи ситоди вилоятӣ багузор намуд.

Ифтитоҳи маркази боҳашамати хизматрасонӣ дар Хуҷанд ва дастури Аҳмадзода ба соҳибкорзан

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш додааст, ки дар ноҳия бунёди як зумра иншоот, аз ҷумла қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ, мактабу кӯдакистон, меҳмонхонаву биноҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва амсоли ин идома дорад.

Тибқи нақша, дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар маҷмӯъ 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд.