ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз идомаи амалиётии шартии "Корд" хабар дода меафзояд, ки дар як ҳафтаи ахири соли ҷорӣ, 8 нафар ҷавонону ноболиғонро бо гумони доштани силоҳи сард боздошт намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз 8 нафар шаҳрвандон 7 адад корд ва 1 адад кастет дарёфту мусодира карда шуданд.
Гуфта мешавад, 5 ҷавони боздоштшуда сокинони пойтахт буда, як нафарии дигар сокинони Кӯлоб, Ҳисор ва Истаравшан мебошанд.
Миёни боздоштшудаҳо Донаев Умедҷон, хонандаи синфи 9 - и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 41 низ қарор дошт, ки аз ӯ як адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки дар бештари маврид он ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳ содир шудаанд, нафарони гумонбар бо худ силоҳи сард махсусан корд доштаанд.
"Чунин афрод дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ аз он истифода бурда, ҷиноятҳои вазнини ба муқобили саломатӣ равона гардидаро содир мекунанд", - омадааст дар хабар.
РВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфт ва мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасонӣ қонунӣ андешида шуданд.