Умедвории соҳибкорони Суғд аз беҳтар гардидани вазъи молии коргоҳҳо дар солҳои 2020-2021

Дар як назарпурсии афкори умум соҳибкорони вилояти Суғд аз хуб шудани вазъи молиявии коргоҳи худ дар солҳои 2020-2021 изҳори умедворӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ин пажӯҳиши сотсиологӣ бо мақсади маълум намудани мушкилот ва муаммоҳои рушди соҳибкорӣ аз сӯи масъулони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати Суғд дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи соҳибкорон анҷом дода шудааст.

Дар ҷараёни баргузории он, дар моҳҳои август-декабри соли 2019, назари 300 соҳибкорони инфиродӣ ва роҳбарони ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд аз 18 шаҳру навоҳии Суғд пурсида шудааст.

Аз рушди соҳибкорӣ то беҳсозии фазои сармоягузорӣ: мулоқоти Раҳмон бо ноиби Президенти БРО

Абдураҳмон Ҳусейнов, раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва яке аз масъулони ин тадқиқот дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ натиҷаҳои ин тадқиқотро шарҳ дод.

Дар зимни муаррифии натиҷаҳои тадқиқот Ҳусейнов гуфт, ки “назарпурсӣ аз рӯи методҳои мусоҳиба дар суроға доир шуда, афкори соҳибкорон аз ҷумла аз мушкилоти ҷойдошта дар ҷодаи фаъолияти худ бевосита пурсида шудааст”.

Тавре раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Суғд иброз намуд, арзёби вазъи молиявии соҳибкорон яке аз 39 саволи пурсишнома буд, соҳибкорон посух гуфтаанд.

Ва ба ин савол, ки вазъи молиявии коргоҳи худро дар тӯли солҳои 2019-2020-2021 чи тавр пешгӯи мекунед? Аз 54-58% и соҳибкорони пурсидашуда изҳор кардаанд, ки беҳтар мешавад ва барои ин умедвор ҳастанд, Аз 4-6 % и пурсидашудаҳо иброз намудаанд, ки бад мешавад, Аз 16 то 24 % дар посух ба ин савол гуфтаанд, ки тағйир намеёбад.

 Ҳамчунин пурсиши сотсиологӣ бо ин савол аз соҳибкорон пурсидааст, ки 3 омили асосии васеъ нагардидани фаъолияти худро шарҳ диҳед? 49% ё, ин ки 151 нафар сабаби васеъ нагардидани фаъолияти худро аз мавҷуд набудани маблағҳои гардон гуфтаанд, 42 % ё ин, ки 132 нафар аз гаронии фоизҳои қарзӣ маънидод кардаанд, 23% ё 72 соҳибкор ба ин савол гаронии андоз ва санҷишҳои мақомотҳои давлатиро зикр кардаанд.

Масъулони ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ки ин назарпурсӣ дар доираи нақша чорабиниҳо дар бораи амалӣ намудани нақшаи 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон доир карда шуда ва натиҷаҳои он барои равнақ додани соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.