Рӯз, макони баргузорӣ ва рамзи Кинофестивали якуми байналмилалии “Душанбе” маълум шуд

Рамзи асосии Кинофестивали якуми байналмилалии “Душанбе” муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, он чун нишони шаҳри Душанбе аз ду тараф бо лента иҳота шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik.  Аз 13 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Кинофестивали  якуми байналмилалии “Душанбе” баргузор мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”.

Қарор аст дар ҷашнвораи мазкур меҳмонон ва кинематографистон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд.

Синамобазми байналмилалии "Дидор" дар Душанбе - навор

Ҷашнвора аз ду озмун: озмуни байналмилалӣ ва беҳтарин дастоварди кинои миллӣ иборат буда, дар 8 номинатсия барои ҳарду бахш ҷоиза дода мешавад. Барои номинатсияи беҳтарин филми ҳунарӣ “Шоҳҷоиза” (Гран При) дода мешавад.

Дар доираи Кинофестивали байналмилалии “Душанбе” 20 филми пурра муқаррар шудааст.

Ташкилкунандагони Ҷашнвораи синамо “Душанбе” Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мебошанд.

Кинофестивали байналмилалии “Душанбе” ба Рӯзи пойтахт бахшида шуда, дар ду сол як маротиба баргузор карда мешавад. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкории кинематографистони Тоҷикистон ва шиносоӣ пайдо кардани тамошобинони тоҷик бо дастовардҳои беҳтарини кинои ҷаҳонӣ мебошад.

Зимни баргузории Кинофестивали мазкур осори киноӣ  ва хидматҳои шоистаи коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров барои миллати тоҷик гиромӣ дошта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Кинофестивали якуми байналмилалии “Душанбе” гузаронида шуда, қабули дархостҳо барои иштироки филм аз 1 марти соли равон шурӯъ мегардад.