Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила барканор шуд

Раисҷумҳури кишвар қарор дар бораи аз вазифа озод намудани Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба имзо расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik.  Тибқи Қарори Эмомалӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон озод шуд.

Раисҷумҳур Маликшо Неъматзодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин кард

Дар қарор гуфта шудааст, Қосимзода Идигул Тағо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудааст.

Бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин Олимӣ Марҳабо Латифзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон низ озод карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, Давлатзода Зулфия Давлат аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озод карда шуд ва ба вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон таъин карда шуд.