Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон: ба Умарҷони Эмомалӣ вазифаи нав доданд

Тибқи фармони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, сардори Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон муовини роҳбари дастгоҳи вазорат таъйин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik.  Умарҷони Эмомалӣ, сардори Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муовини роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ таъйин гардид, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон”.

Таъиноти кадрӣ: Раҳмон чанд масъули баландпояи додситонӣ ва "Барқи тоҷик"-ро ҷо ба ҷо кард

Бино бар иттилои манбаъ, таъйини ӯ ба ин вазифа чанд рӯз пеш бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сурат гирифтааст.

Мабаъ зкир намудааст, ки ба  ҷои Умарҷони Эмомалӣ  Нусратулло Маҳмадзода, ки дар маркази матбуоти ВКД фаъолият мекард,  таъйин гардид.

Тавра ин манбаъ қайд намудааст, Нусратулло Маҳмадзода таҷрибаи кор дар ВКД-ро дорад ва барномаи “Ахбори ВКД”-ро дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ пеш мебурд.

 Умарҷони Эмомалӣ соли 2016 бо фармони вазири корҳои дохилӣ  сардори  Маркази матбуоти ВКД таъйин шуда буд. Ӯ аз соли 1999 то кунун дар зинаҳои гуногуни ин вазорат фаъолият дошт ва  полковники корҳои дохилӣ мебошад.