Садамаи маргбор: пахши маъюби савори дучарха аз тарафи ронандаи “Опел”

Садамаи маргбор дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст. Маъюби савори дучархаи маъюбӣ ҳангоми дастрас намудан ба беморхона, дар роҳ ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар як садамаи маргбор шаҳрванд Қодиров Абдуқосим, соли таваллудаш 1970, сокини кӯчаи Фахрӣ, ки бо дучархаи маъюбӣ ҳаракат мекардааст ба ҳалокат расидааст.

Вазир: "ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб аз самтҳои асосии сиёсати Президент аст "

Тавре ВКД Тоҷикистон таъкид кардааст, ҳодисаи мазкур рӯзи 6-уми январи соли 2020, рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исматов Фарҳод Исмоилович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фахрии ҷамоати деҳоти Ёва,  шаҳрванд Қодиров Абдуқосим Абдуманнонович, соли таваллудаш 1970, сокини кӯчаи Фахриро, ки бо дучархаи маъюбӣ дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст. 

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, Қодиров Абдуқосим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур санҷишро идома доранд.