Амрико бо Тоҷикистон масоили таъмини амният дар марз бо Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард

Муовини аввали дастёри Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзҳои 6-7 январ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Ба гузориши “Форс”, дар сафари муовини аввали дастёри вазири умури хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон дурнамои равобити Вашингтон ва Душанбе баҳсу баррасӣ мешавад.

Амрико мегӯяд низомиёнашро аз қаламрави Афғонистон берун намекунад

Эллис Уэлс дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот ва масоили марбут ба таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳавзаи амнияти минтақаӣ, густариши иртибототи иқтисодӣ, энержӣ ва башардӯстона миёни ду кишварро баррасӣ мекунад.

Масоили марбут ба ҳамкории ду тараф барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон ва таъмини амният дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи ду тараф қарор хоҳад гирифт.

Эллис Уэлс муовини аввали дастёри вазорати умури хориҷаи Амрико аст ва масъулияти равобити Амрико бо кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ва марказиро бар ӯҳда дорад.