Бархӯрди автобуси муҳоҷирони тоҷик бо мошини боркаш дар Тюмен: ду нафар ҷон бохтанд

Дар вилояти Тюмен автобуси мусофирбар ба мошини боркаш бархӯрдаст. Ҳамаи мусофирони автобус шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Дар шоҳроҳи вилояти Тюмен субҳи имрӯз автобуси мусофирбар, ки аз Тоҷикистон самти Сургут ҳаракат мекард бо мошини боркаш бархӯрдаст, хабар медиҳад ГИБДД.

Автобус бо 36 мусофир чаппа шуд: 8 нафар ҳалок ва 21 тани дигар захм бардоштанд

Ба иттилои манбаъ, садамаи мудҳиш  дар километри 266-уми шоҳроҳи Тюмен – Ханти-Мансийск дар ҳудуди ноҳияи Тобол рух додаст. Дар дохили автобус 35 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули 3 кӯдак қарор доштанд, ки ба эҳтимоли зиёд аз сабаби гаронии арзиши чиптаи ҳавопаймо тариқи роҳи заминӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рахти сафар бастаанд.

Автобус бо 72 мусофир аз Тоҷикистону Узбакистон дар Қазоқистон дучори садама шуд

Гуфта мешавад, дар натиҷаи бархӯрди ду худрав ронанда ва як мусофири мошини боркаш ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон 7 шаҳрванди дигари  тоҷик ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Бино маълумоти муқаддамотии ГИБДД, ронандаи автобус дар шоҳроҳ мехост гардиш кунад, вале ронанда амнияти ин манёврро таъмин карда натавонистааст. Ӯ надидааст, ки дар ҳамин лаҳза мошини Isuzu бо суръати баланд меомад.

Феълан шахсияти мусофирон ва омили асосии сар задани садама маълум мегардад.