Аз ҳафтаи оянда ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад: барфу борон меборад

Улицы Душанбе напоминают северные города России: снег и метель
Сар аз ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво поин мефарояд. Боришоти барфу борон низ дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, аз авоили ҳафтаи  оянда ҳарорати ҳаво дар кишвар сард шуда, боришоти барфу борон дар назар аст.

Город Душанбе, архивное фото
Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ба иттилои манбаъ, рӯзи душанбе, 6 - уми январ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, боришоти борон пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво рӯзона 6 - 8 ва шабона 2 - 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад боридани барфу борон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 6 - 8 ва шабона 2 - 4  дараҷа гарм мешавад.

Зимнан дамои ҳаво дар вилояти Суғд низ поён фаромада, боридани барфу борон дар назар аст.

Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳарорати ҳаво рӯзона 2 3 дараҷа гарм. аммо шабона 4 9 дараҷа сардшавии ҳаво пешӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон боридани борон дар назар аст. Дар баландии аз 1200 метр боло барф меборад.Ҳарорати ҳаво рӯзона 3 8дараҷа гарм, шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боридани барфу борон дар назар аст. Дар қисмати ғарби ин вилоят дамои ҳаво рӯзона 8 13 ва шабона 4 9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят бошад шабона 15 20 рӯзона 8 13 дараҷа хунук шудани ҳаво дар назар аст.