Роҳ кушода: IRS гуфт, ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз шуд-аксҳо

Ширкати IRS, ки ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ машғул аст, аз оғози ҳаракати мошинҳо дар ин масир хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ширкат бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ имконпазир гардида, ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе шурӯъ шуд.

Ҳаракати роҳ дар ин масир субҳи 2 январ масдуд шуда буд. Масъулини ширкат роҳбандиро ба барфрезии шадид ва тармафароӣ рабт дода, таъкид карданд, ки ба далоили амниятӣ ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ манъ карда шуд.