Қарорҳои Ҳукумат: барканории раисону барҳамдиҳии корхонаҳои назди дастгоҳи Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барҳамдиҳии корхонаҳои воҳиди давлатии назди дастгоҳи раисиҷумҳурро, ки ҳамагӣ чанд соли қабл таъсис ёфтанд, идома дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, Мирзоалӣ Қаландаров, аз мақоми раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Зиғиртӣ”-и назди Дастгоҳи раисиҷумҳур барканор карда шуд.  

Супориши Раҳмон барои барҳамдиҳии қароргоҳҳои Президент дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа

Далели барканории Қаландаров барҳамдиҳии КВД “Зиғиртӣ” дар шаҳри Сарбанд арзёбӣ шудааст. Қарори ташкили КВД “Зиғиртӣ” дар назди дастгоҳи раисиҷумҳур моҳи майи соли 2018 имзо шуда буд.

Дар ҳамин ҳол қаблан бо қарори дигари Ҳукумат, КВД “Канаск”, ки дар дараи Ромит ба картошкапарварӣ машғул буд, таҷдиди сохтор шуда, Бобишо Азиззода аз мақоми мудири он барканор гардид. Расонаҳо хабар дода буданд, ки вазъи молии корхона хуб нест ва бо Вазорати молия низ баҳси додгоҳӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки тобистони соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон барои барҳамдиҳии корхонаҳои воҳиди давлатии қароргоҳҳои раисиҷумҳур дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар қарор қабул карда буд, аммо далели ин тасмимҳо ироа нашудааст.