Қазияи “зинокории марди 79-сола” то Президент ироа шуд: бадномсозҳо узр пурсанд-видео

Муродҷон Усупов, писари Ӯктамҷон Усупов, марди 79-солае, ки қаблан тариқи шабакаҳои телевизионӣ ҳамчун муттаҳам дар ҳаракатҳои шаҳвонӣ намоиш дода шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостааст ба ин қазия расидагӣ кунад. Писар қазияро саҳнасозӣ хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Муродҷон Усупов, сокини шаҳри Конибодом, аз сохтакории кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров шикоят кардааст, ки ба гуфтаи ӯ тариқи сохтакорӣ ба падари солхӯрдааш туҳмат кардаанд.

Марги донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ: ҳукми Қурбонов барои қатли Дилмурод-акс

Усупов мегӯяд, "кормандони милитсияи ҷамоати Хистеварз, рӯзи 29 август, бо вайрон кардани ҚҶТ “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, бо маслиҳати пешакӣ, бо сӯиистифода аз мансаб ва бо мақсади бадном кардани падарам Усупов Ӯктамҷон, бо сохтакорию фиреб падарамро ба хонаи қаблан барои ҷиноят тайёркардаашон ғайриқонунӣ оварда, бо роҳи зӯроварӣ ва фиреб ба луч шудан ва корҳои номатлуб маҷбур мекунанд ва ин ҳолатро ба навор гирифта, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва иръоб (шантаж) ба ман мегӯянд, ки гӯё падарам ба таҷовуз ба номуси касе айбдор карда мешавад ва онро тариқи телевизион ва Интернет паҳн мекунанд".

Писар навиштааст, ки дар ҳақиқат ин наворро аз санаи 16 сентябр то 3 октябри соли ҷорӣ тариқи якчанд шабакаҳои телевизиони вилояти Суғд, Телевизиони давлатии “Сафина”, маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва якчанд сомонаҳои Интернет паҳн мекунанд.

Усупов дар идома таъкид кардааст, вақте дар бораи ин ҳодиса ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода У., вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. ва прокурори ноҳияи Б.Ғафуров Шарифзода Ш.Б. нисбати ин шахсон аризаи шикоятӣ навишт, ӯро чандин маротиба якчанд муфаттиш даъват карданд.

СММ аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба шиканҷашудагон ҷубронпулӣ пардохт намояд

“Ҳамаи онҳо ба ман пешниҳод мекарданд, ки ман аз даъвоям гузарам. Аммо ман пешниҳоди онҳоро қабул накардам. Падарамро бошад, дар асоси сабти видеои сохтакорона гунаҳкор карда, бо кушодани парвандаи ҷиноятӣ таҳдид мекарданд. Ҳол он, ки ман аз суханони муфаттиши амнияти дохилии ВКД донистам, ки прокурори ноҳияи Б.Ғафуров қарор бароварда будааст, ки “аз сабаби набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад кард шуд”. Падарамро, ки баъди ин ҳодиса саломатиашонро аз даст додаанд, пешниҳоди маълумотномаи духтурро ба инобат нагирифта, ба бинои прокуратура даъват намуда, бо фишорҳои психологӣ ба навиштани ариза ба қонуни авф розӣ буданашон маҷбур намуда истодаанд. Падарам, ки дар инҷо тамоман гуноҳ надоранд, ба пешниҳоди онҳо розӣ нашуданд”, - омадааст дар мактуби Усупов ба раисиҷумҳур.

Муроҷиаткунанда, ки ҳамчун ҳимоятгари қонунии падараш дар қазия ширкат мекунад, изҳор медорад, ки мақомоти тафтишотӣ ба ӯ маълумот намедиҳанд. Ӯ илова намудаст, ки рӯзи 3 декабр ба интернет-қабулгоҳи прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафтори ғайриқонунии муфаттишон муроҷиат кард.

“Рӯзи 7 декабр, яъне рӯзи шанбе, ки барои мақомотҳои давлатӣ рӯзи истироҳат мебошад, ба ман ду мактуб оварда доданд. Яке аз номи шӯъбаи амнияти дохилӣ дар вилояти Суғди РАД ВКД ҶТ ва дигар аз прокуратураи вилояти Суғд, ки дар ҳардуи он ба ман оиди оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати падарам маълумот додаанд (замима карда мешавад). Яъне, таҷовуз ба номус, ки дар аввал онҳо (кормандони пункти ШВКД-и Хистеварз) гуфта буданд, исбот карда натавонистаанд ва онҳо падарамро бо дигар моддаи кодекси ҷиноятӣ гумонбар кардаанд”, - навиштааст Усупов.

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои шиканҷаи шавҳараш ба ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кард

Ӯ аз раисиҷумҳур хостааст, ки “як шахс ё гурӯҳи корие ташкил диҳед, ки аз фасодкорӣ дур, боадолат, бовиҷдон, бомаданият ва босавод бошанд, ин қазияро одилона тафтиш намоянд ва ба гунаҳкорон ҷазои сазовор диҳанд”.

Муродҷон Усупов талаб дорад, ки дастандаркорони паҳн намудани сабти бадномкунии падараш раддия пахш намоянд ва аз падараш бахшиш пурсанд. Шахсоне, ки ин наворро ғайриқонунӣ паҳн кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, таъкид намудаст Усупов.

Ин даъво дар ҳолест, ки қаблан раёсати умури дохилии вилояти Суғд тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон гузориш доданд, ки Усупов Уктам дар баробари дуохониву додани тумору таштов инчунин нисбати занони муроҷиаткунанда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медодааст.

Рӯсиёҳи дунёву охират: посухи Шӯрои уламо ба саволи Сорбон

Аммо писараш дар муроҷиатнома ба раисиҷумҳур навиштааст, ки падарам Усупов Ӯктамҷон, соли таваллуд 01.04.1940, зиёда аз 35 сол дар Автобазаи №34-и шаҳри Конибодом, ҳамчун ронандаи автобус ва таксӣ кор карда, соли 1995 аз ҳамонҷо ба нафақа баромадаанд. Соли 2011 бо роҳхати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба зиёрати Каъба рафтаанд. Ҳоло 79 сола мебошанд. Се-чор сол пештар бемории микроинсултро аз сар гузаронидаанд. Модарам, Дадабоева Ҳалимаҷон, соли таваллуд 18.03.1949, ҳоло нафақахӯр, низ бо чунин роҳхат соли 2013 зиёрати Каъбаро ба ҷо оварда омадаанд. Ғайр аз онҳо дар хонаи падару модарам додари хурдиям Усупов Рустам Ӯктамҷонович, соли таваллуд 25.05.1975, маъюби гурӯҳи 2 зиндагӣ мекунад. Падару модарам байни сокинони маҳалла ва шаҳрамон ҳамчун Ҳоҷӣ ва оилаи намунавӣ обрӯю эътибори калон доранд. Ҳарсеи онҳо нафақахӯр буда, зиндагии хоксоронаи худро давом дода гашта буданд. То он даме, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо шахсони сохтакор, фиребгар, барои пул, вазифа ё рутба шуда, ба ҳаёти шаҳрвандони орому осуда ҳаёт басарбурдаистод а халал воридкунандагон , дахолат накарданд.