ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон охири моҳи декабр дар ҷаласаи парлумон тағйирот ба Кодекси андозро муаррифӣ кард, ки бар асоси он банди мавриди интиқоди раисиҷумҳур лағв карда шуд. То ҳол андозсупорандагон муваззаф буданд, андоз аз фоидаро ба андозаи на кам аз як дарсади даромади умумӣ супоранд, ки суолбарангез буд.
Гулмуродзода тавзеҳ дод, ки бар асоси тағйирот аз Кодекси андоз муқаррароти вобаста ба андозбандӣ гардидани 1 фоизи даромади умумӣ хориҷ карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки минбаъд андоз аз фоида ба шеваи нав - аз фоидае, ки воқеан ба даст омадааст, ҳисоб карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи моҳи майи 2019 дар мулоқот бо кормандони молия ва андоз аз сарбории андоз танқид карда буд.
“Мутобиқи моддаи 109 Кодекси андози амалкунанда меъёри андоз аз фоидаи фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо 13 фоиз ва дигар намудҳои фаъолият 23 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ муайян карда шудааст”, - иқтибос оварда буд Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, "тибқи таҳлилҳо маҳз ҳамин муқаррарот оид ба андозбандии “на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ” ба баланд шудани сарбории андози фоидаи соҳибкорӣ таъсир мерасонад".
“Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бартараф кардани духӯрагӣ дар раванди ситонидани андоз аз фоида аз Кодекси андоз хориҷ намудани мафҳуми “вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ” мувофиқи мақсад мебошад”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.