Пас аз беморӣ: Шабнами Сурайё мардуми Тоҷикистонро бо Соли нав табрик гуфт

Шабнами Сурайё - овозхони машҳури Тоҷикистон Шабнами Сурайё мардуми кишварро ба муносибати Соли нав табрик кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Шабнами Сурайё примаддонаи саҳнаи тоҷик мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии Соли нави 2020 муборакбод гуфт.

Ӯ дар саҳифааш дар инстаграм ба ҳамагон дар соли навин сиҳатию саломатӣ ва лаҳзаҳои ширини ҳаётро таманно кардаааст.

"Шуморо бо Соли нав муборакбод мегӯям. Ва таманно мекунам, ки ҳар яки шумо ҳамон муъҷизаеро ки интизоред, дарёбед. Орзу мекунам, ки ҳамаи мо сиҳату саломат бошем ва ба кори дӯстдоштаамон машғул шавем. Бароятон ба ҳадафҳо расиданро таманно мекунам", - навиштааст Шабнами Сурайё дар саҳифааш дар ингтаграм.

Ёдрас мешавем, ки пештар Сурайё Қосимова ба базми “Ситорарези дай” бе Шабнаму Фарзона омада буд.

Дар поёни баромадаш примадонна Сурайё Қосимова барои иштирок накардани духтаронаш дар маҳфили солинавии ситораҳои санъат узр хоста, аз иштирок накардани духтаронаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки Шабнам бемор аст. 

Фарзонаи Хуршед аз рӯйи гуфти модараш дар сари болини хоҳарбузургаш буда, Шабнами беморро парасторӣ менамояд.