Ҷаҳиши қурби рубл дар охирин рӯзи соли 2019 дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз қурби 1000 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар то ба 158 сомонӣ расидааст. Ин баландтарин нишондод тайи солҳои охир мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Бонки миллӣ эълон кардааст, ки қурби миёнаи фурӯши рубл дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон аз 0.1560 то 0.1580  сомониро ташкил медиҳад.

Посухи раиси Бонки миллӣ дар бораи бастани “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”

Ин ниҳод афзудааст, ки арзиши миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои молиявии кишвар муодили 9.6872  то 9.7000 сомонӣ мебошад. Аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин нарх пайдо кардани доллар дар кишвар амри муҳол мебошад.

Қурби фурӯши 1 евро аз 10.8448  то  10.8300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол Бонки миллии Тоҷикистон барои бозори ғайринақдӣ қурби расмиро барои 1 доллари ИМА - 9.6872  сомонӣ, барои 1 евро – 10. 8448 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1560  сомонӣ муайян намудаст.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.