Путин ва Зеленский якдигарро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик карданд

Руасоиҷумҳури Русия ва Украина дар як суҳбати телефонӣ як диагрро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик гуфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ахиран суҳбати телефонӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст дафтарҳои матбуоти руасаоиҷумҳури Русия ва Украина.

Зеленский гуфт чаро бо Путин гуфтушунид кардан душвор аст

Роҳбарони ду давлат якдигарро бо фарорасии Соли нав ва табодули шахсони боздоштшуда, ки санаи 29 декабри соли равон анҷом ёфт табрик намуданд.

Таъкид шудааст, ки суҳбати телефонӣ бо ташаббуси раисҷумҳури Украина сурат гирифтааст.

Ҳамзамон тарафҳо ба имзо расидани созишнома дар бораи транзити гази Русия тариқи ҳудуди Украина, ки шаби гузашта ба имзо расид, истиқбол карданд.

Инчунин зимни суҳбати телефонӣ тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳар чи зудтар рӯйхати шаҳрвандони Украина, ки дар маҳбасҳои Қрим ва Русия ва баръакс шаҳрвандони Русия, ки дар маҳбасҳои Украина қарор доранд, таҳияи карда шавад.

Таъкид шудааст, ки гуфтугуҳо барои ҳар ду тараф судманд буданд ва ин гуфтугӯҳо барои ҳалли дигар мушкилиҳои дуҷониба фазои солим хоҳад сохт. Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар барои рушди ҳамкориҳои Русия ва Украина дар соли 2020 табодули назар карданд.