Аз ваъдаҳои динию дунявӣ то ҳушёрӣ: суҳбати раиси Хатлон дар бораи ифротгароӣ

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар мулоқот бо ҷавонон вилоят дар шаҳри Бохтар аз пешгирии ифротгароию терроризм суҳбат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik.  Ҳакимзода дар хитоб ба ҷавонон изҳор доштааст, ки имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, инчунин ба Тоҷикистон низ расидааст.

Президент қатли марзбонҳои тоҷикро кори “ДОИШ” хонд

“Олами ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шуда, мутаассифона, тамоми корҳои ғайришаръиро аз номи дини мубини ислом анҷом медиҳанд. Терроризм, экстремизм ва радиализми динӣ яке аз мушкилоти асосии замон буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ҷалб мекунанд ва онҳоро ба иҷрои амалҳои террористӣ сафарбар менамоянд”, - иттилоъ дод котиботи ҳукумати Хатлон аз қавли Ҳакимзода.

Раиси Хатлон афзудаст, сафи низомиёну ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд, ки бештари онҳо дар тамоми кишварҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ ба доми фиреб афтода, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳида ва давлатҳои бегона ҷони худро қурбон намуда истодаанд.

Таъсиси сохторҳои махсуси мубориза бо экстремизм дар Тоҷикистон

“Ба ёд оред, ҳодисаи таркиш дар як муассисаи таълимии Афғонистонро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани модарон, кӯдакони бегуноҳ, мардуми осоиштаро кадом дину мазҳаб қабул дорад?! Чунин кирдори зидди-инсониро тамоми динҳои дунё қотеона маҳкум мекунанд”, - таъкид намудаст Ҳакимзода.

Ӯ афзудааст, ки мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем, ба насли ҷавону наврас тарзи ҳаёти солим, дурӣ ҷустан аз бегонапарастию тақлидкорӣ, бидуни ҳар гуна ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем.

Ба гуфтаи Қурбон Ҳакимзода вазифаи мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷавононро аз фирефта шудан ва гаравидан ба ақидаҳои ифротӣ ҳимоя кунанд, ба гурӯҳҳои фиребхӯрда роҳи дурусти зиндагии шоистаро нишон дода, асолати ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созанд.

Дар охир раиси вилоят ба чанде аз фаъолон китобҳои “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафурову “Чеҳраҳои мондагор”-и раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро тақдим кардааст.