Аҳмадзода ба Аниса Насимзода: руҳафтода нашавед ва ба омӯзиши илму дониш машғул бошед

Раиси вилояти Суғд дар арафаи таҷлили соли нави мелодӣ ба аёдати Аниса Насимзода ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина рафт. Аниса Насимзода бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд ва имрӯз дар хона бистарӣ гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Аниса Насимзода, ки моҳи августи соли равон бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд, дар суҳбат бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки новобаста аз бистарӣ буданаш дар хона руҳафтода нашудааст.  

Тавре манбаъ хабар додааст Раҷаббой Аҳмадзода,  раиси вилояти Суғд дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҳоли сокини шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода хабар гирифта, ӯ ва аҳли оилаашро бахшида ба соли нав табрик кард.

Раиси вилояти Суғд ба Аниса Насимзода пешниҳод намудааст, ки дар хона ба омӯзиши илму дониш машғул шавад.  Ба ҳамин хотир, раиси вилояти Суғд ба Аниса Насимзода дар арафаи ҷашни Соли нав як адад ноутбук тақдим кард.

Ҳамчунин раиси вилоят ба Аниса ва аҳли хонаводаи ӯ туҳфаҳои солинавӣ низ тақдим карда, изҳор дошт, ки тамоми орзуҳои Аниса дар соли нав амалӣ гарданд.

Аҳмадзода ба Аниса Насимзода: руҳафтода нашавед ва ба омӯзиши илму дониш машғул бошед

Ҳамзамон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулинаро аёдат намуда, фарорасии соли навро барояш таҳният гуфт.