ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино ба хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рухдоди муноқиша дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчо боиси ба ҳалокат расидани Маҳмадзамон Наврӯзов боис шудааст.
"Танҳо кӯдак зинда монд": бархӯрди пурқурбонии 2 “Опел” дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-видео
Ин ҳодиса дар рӯзи 29-уми декабр тавре рух додааст, ки ду ҷавон, сокинони деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчо аз баландӣ, Наврӯзовро сангборон кардаан.
Рӯйхати қурбониён: шарҳи расмии КҲФ дар бораи садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат
"Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, рӯзи 29-уми декабри соли равон дар деҳаи Оббурдон, ҷамоати деҳоти Иван Тоҷик дар Кӯҳистони Масчо, Партавзода Шермуҳаммади 17-сола бо дӯсташ Муллозода Масъудҷони 18-сола аз баландӣ ба зер санг партов кардаанд ва аз зарби ин сангҳо Маҳмадзамон Наврӯзов, сокини ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст”,- омадааст дар иттилоияи КҲФ.
КҲФ мегуяд, сабаби рухдоди ин муноқиша, ки сабаби ба ҳалокат расидани Наврӯзови 32 сола шудааст, маълум нест. Зимнан ин қазия аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиш карда мешавад.