ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) рӯзи якшанбе дар гуфтугӯе бо хабарнигорон афзуд, замоне, ки тасмими ниҳоӣ дар хусуси оташбас гирифта шуд ба расонаҳо эълом мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНО.
Дар ҳамин ҳол, ахиран бархе аз манобеи дохилӣ ва шуморе аз коршиносони афғон аз тавофуқи оташбаси мувақат байни Толибон ва амрикоиҳо хабар дода буданд.
Давлати Афғонистон ва амрикоиҳо, пазириши оташбасро пешшарт оғози музокирот байни гуруҳҳои афғон унвон ва бар баста шудани пойгоҳҳои Толибон дар хориҷ аз марзҳои Афғонистон таъкид кардаанд.
Давлати Афғонистон бар ин бовар аст, ки Толибон мутаҳид нестанд ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи ин гуруҳ аз раҳбарони сиёсии худ ҳарфшунавӣ надоранд ва ба ҳамин далел хостори барқарории оташ бас шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Гурӯҳи тундрави Толибон (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) ба минтақаи Тахори воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳуҷум карданд.
Ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад шабакаи 1TV.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар паи ҳуҷум 17 кас аз ҳимоятгарон кушта шуда, чаҳор нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Дар Афғонистон Толибон ҳамоно ба манотиқи марзӣ ва шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд.
Ҳамчунин дар ҳудуди кишвар пурзӯр шудани ҳамлаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) ба назар мерасад.
Мақомоти қудратии Афғонистон бо гурӯҳҳои тундрав мубориза мебаранд.