ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Путин дар паёми шодбошияш ба Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳо дар соли ҷадид таъкид кардааст, хабар дод котиботи Кремл.
Раисиҷумҳури Русия густариши муносиботи стратегӣ бо Тоҷикистонро зикр карда, ду кишварро иттифоқчӣ арзёбӣ кардааст.
Путин изҳори боварӣ кардааст, созишномаҳое, ки ҳангоми сафари Раҳмон ба Маскав моҳи апрели соли равон имзо шуданд, бо муваффақият амалӣ хоҳанд гардид. Ӯ илова намудаст, ки созишномаҳои мазкур замина барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо хоҳанд шуд.
Путин ҳамчунин ҳамкории созанда бо Тоҷикистон барои таъмини амнияту суботи минтақавиро муҳим хондаст.
Дар баробари раисиҷумҳури Тоҷикистон паёмҳои шодбошии Владимир Путин инчунин ба роҳбарони Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон фиристода шудаанд.