Обуҳавошиносон: дар баъзе манотиқи кишвар боридани борон эҳтимол дорад

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон пешгӯӣ намудааст, ки имрӯз дар баъзе манотиқи кишвар ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе  ҳаво абрнок шуда, имконияти боридани борон мавҷуд мебошад.  Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд.   Ҳаво  дар водиҳо  шабона  0+5 ва рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дар баъзе ноҳияҳо то 14-16  дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар аст.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона   0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.    Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 0+5   ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.