Рашк сабаби қатли ҳамсар шуд: мард ҳамсарашро 13 корд зада кушт

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 47-сола сокини шаҳри Истаравшан, ки дар қатли ҳамсараш гумонбар дониста мешавад, хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Сокини 47-солаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҳамсари 35-солаи худро бо зарби 13 корд зада ба қатл расонидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Сокини Ҳамадонӣ, ки ҳамсарашро 13 корд зада ба пулис таслим шуд, 11 соли ҳабс гирифт

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 27-уми декабри соли равон, марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо ҳамсараш зани 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, аз сабаби рашк муноқиша намудааст.

“Сипас номбурда бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсараш, бо корди хоҷагӣ 13-маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст”, -  таъкид доштааст ВКД. 

Дар ҳамин ҳол, дар натиҷа, зани 35-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудаанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ҳоли ҳозир, аз сӯи кормандони милитсия тафтишоти ҳодиса идома дорад.