Иҷрои барзиёди нақшаи истеҳсоли пахта дар Хатлон

Деҳқонони вилояти калонтарини пахтакори мамлакат – Хатлон 275 ҳазору 200 тонна пахта истеҳсол карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” деҳқонони вилояти Хатлон дар соли равон дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар барои истеҳсоли 275 ҳазору 200 тонна пахта камар бастанд.

Наздик ба 92 ҳазор тонна пахта: ҷамъоварии пахта дар Суғд идома дорад

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, таъкид намудааст, ки барои ҳавасмандсозии пахтакорон ба ҷамъоварии саривақтии ҳосил аз 1 сентябри соли равон сар карда, байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори  вилоят “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон гардида, мусобиқаи меҳнатӣ ба роҳ монда шуд.

“Мусобиқа дар ҳар 15 рӯз ҷамъбаст гардида, ғолибони се ҷойи аввал дар ҳаҷми 15 ҳазор, 10 ҳазор, 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҷамъбасти умумии мусобиқа, барандаи ҷойи аввал бо мошини сабукрав ва ғолибони дигар бо туҳфаҳои арзишманди мақомоти вилоят сарфароз гардонда мешаванд.

Дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро то 13 декабр шаҳру ноҳияҳои Данғара 115,9, Бохтар 108, Дӯстӣ 107,2, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 106,7, Ёвон 104,3, Шаҳритуз 104, Қубодиён 103, Ҷайҳун 103, Панҷ 102,9, Носири Хусрав 102,6, Левакант 102,6, Хуросон 102,1, Кӯшониён 101,8, Кӯлоб 100,3, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ 100 - дарсадӣ иҷро намуданд.

Пахтакорони вилоят то 13 декабр 276 ҳазору 290 тонна ашёи гаронбаҳои саноатӣ истеҳсол намуданд, ки 100,4 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳаҷми ҳосили бадастомада назар ба соли гузашта 86 ҳазору 443 тонна зиёд мебошад.