Путин созишномаи муҳоҷират бо Тоҷикистонро имзо кард

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қонуни тасвиби созишномаи муҳоҷират бо Тоҷикистонро имзо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Путин созишнома дар мавриди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русияро ба тасвиб расонд, хабар додааст пойгоҳи ҳуқуқии Русия.

Ман ёди диёр кардаам.... Нашри суруди нави Фараҳманд дар бораи ғарибӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат созишнома бо Русия дар мавриди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро нимаи моҳи равон тасдиқ карда буд.

Раҳмон зимни суҳбаташ дар бораи созишномаи мазкур гуфт, “мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия муҳим мебошад”.

Тибқи иттилои Шӯрои Федератсияи Русия, бар асоси созишномаи мазкур мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандонашонро дар мавриди ҷойҳои корӣ, тартиби муҳоҷирати муташаккилона огоҳ хоҳанд кард. Ҷониби Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки довталабони кор дар Русия, ки дорои малакаю таҷрибаи корӣ мебошанд, тибқи дархости корфармо таъмин кунад, барои такмили ихтисос ё бозомӯзӣ чора андешад. Инчунин мақомоти тоҷик бояд, бисанҷанд, ки довталабони кор дар Русия таҳти пайгарди байналмилалӣ набошанду ҷазои адонашударо надоранд.

Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад

Парлумони Русия таъкид кардааст, ки корфармоён дар интихобу ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок карда, барои дар қайд мондани муҳоҷирону дигар расмиёти қонунӣ уҳдадор мебошанд.

Ҷониби Русия афзудааст, ки ин чорабиниҳо барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор дар Русияро доранд, мусоидат мекунад. Сенаторҳои Русия мегӯянд, созишнома имкон медиҳад, муҳоҷирони соҳибтаҷриба дақиқ, тариқи суроғавӣ бо кор таъмин гарданд.

Дар санад таъкид шудааст, дар сурати анҷоми муҳлати созишномаи меҳнатӣ, ё анҷоми муҳлати иҷозатномаи кор шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст, давоми 15 рӯзи тақвимӣ қаламрави Русияро тарк кунад, ё дар назди корфармои дигар бо дарёфти иҷозатномаи кор ба фаъолият оғоз кунад.

Ин санад моҳи апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русиягияш Владимир Путин имзо шуда, акнун баъди анҷоми расмиёти дохилӣ мавриди амал қарор мегирад.