Милисаҳо аз дохили танӯр марди сӯхтаро бароварданд - акс

Бино ба маълумоти пешакӣ мард барои гарм шудан ба дохили танур даромадааст вале ба далели нафас кашидани газ аз ҳуш рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Ноокени Қирғизистон кормандони милитсия мардеро аз марг наҷот доданд, ки дар дохили танур қариб сӯхта буд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Ош.

Қазия шаби 28 декабр ба вуқӯъ пайвастааст. Зимни рейд кормандони милитсия тақрибан соати 01:15 дар минтақаи Ноокени вилояти Ош, танӯре дидаанд, ки аз дохилаш дуд мебаромад ва қарор кардаанд онро аз назар гузаронанд.

Милисаҳо аз дохили танӯр марди сӯхтаро бароварданд - акс
"Гумонҳо зиёд мешуданд, чун шабонгоҳ дар танӯр касе самбӯса намепазад. Милисаҳо дар дохили танур мардеро пайдо карданд, ки либосҳояш оташ гирифта буд ва худи ӯ беҳуш буд", - омадааст дар хабарнома.

Кормандони мақомот мардро берун кашида оташро хомӯш карданд ва ёрии таъҷилиро ҷеғ заданд.

Марди оташгирифта сокини 37-солаи вилояти Ботканд - А.А. будааст.  Бино ба маълумоти пешакӣ, мард ба хотири гарм шудан ба дохили танур даромада, аз зарби газ беҳуш шудааст. Мардро дар бемористон ба табобат фаро гирифтанд.