Рӯмон - номи таърихии тоҷикона аз нав ҳифз карда шуд

 Вакилони халқии ҷамоате дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо баргузории як ҷаласа, аз қадимӣ будани вожаи Рӯмон ҳимоят карда, барои иваз шудани ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов бо ҳамин ном қарор қабул кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи ҷамоати Ҳайдар Усмонов дирӯз баргузор шудааст ва барои он, ки минбаъ ин ҷамоат Рӯмон номида шавад, 18 нафар аз 22 нафар кас бо райъи худ аз ин пешниҳод пуштибонӣ кардаанд.

Акбар Муҳиддинзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Б. Ғафуров, аз иштирокдорони ин ҷаласа дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вакилони халқи ҷамоат дирӯз аз пазируфта шудани Рӯмон ҳамчун номи минбаъдаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов қарор қабул намуданд.

“Рӯъмон -калимаи қадимӣ аст ва таърихӣ будани халқу миллати тоҷикро собит мекунад. Аз ҳамин хотир бисёре вакилону иштирокчиён хостори бо ин ном табдили ном кардани ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов шуда, қарор қабул намуданд”, афзуд Муҳиддинзода.

Ба ҳисоби вакилони халқӣ даҳҳо нафар сокинони ин ҷамоат аз пазируфта шудани Рӯмон ҳамчун номи ҷамоат истиқбол кардаанд. Шоир, Аскар Ҳаким низ барои барои баргузида шудани Румон ибрози назар кардааст.

" "Рӯмон" – номи фариштаи боди ҳаётбахш аст, ки номи авастоии ориёии чандҳазорсола буда, боиси ифтихори на танҳо сокинони ин деҳа, балки тамоми мардуми тоҷики ориёитабор мебошад, ки онро то имрӯз зинда нигоҳ доштааст”, шарҳ додааст, Аскар Ҳаким.

Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, ки акнун бар тибқи қарори маҷлиси вакилони халқӣ номи ин ҷамоат Румон хонда мешавад, аз деҳаҳои Шайхбурҳон, Кулангир, Рӯмон ва Пуличуқур иборат буда ва дорои ҳудуди 36 ҳазор аҳолӣ мебошад.