ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон гуфт, ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба ҳамаи ҳамватанон замони шӯравиро ёд кард, ки барои хонаи билодаш бетонӣ мепурсиданд, ки аз куҷо ёфтию ба маҳбас мекашиданд.
“Агар як деҳқон, як корманд хонаи худ, билодро аз бетон мерехт, пагоҳаш мехест прокурору аз ҳизб хориҷ мекарданду ба маҳбас мекашиданд, ки аз куҷо ёфтӣ”, - зикр кард раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “ҳоло ман ба шумо мегӯям, хонаҳои зебо, замонавӣ бунёд кунед. Тарзе бунёд кунед, ки ба фарзандҳои оянда, набераю абераҳо аз падар, модар, бобо мерос монад”.
Ин суханҳои раисиҷумҳури Тоҷикистонро мақомдорону вакилони ҳузурдошта бо кафкӯбӣ истиқбол гирифта, ба по хестанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома тавзеҳ дод, ки он замон ҳам собиқ Партия гунаҳкор набуд.
“Худи мо роҳбарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гунаҳкор буд. Таёқҳои дароз дар даст, подшоҳи олам ёфтем. Барои ҳамин Тоҷикистон обод нагардид. Ман дидам давлатҳои дигари шӯравиро, чӣ гуна шароити зиндагӣ доштанд, чӣ гуна хонаҳою қасрҳо бунёд карданд”, - ба ёд овард Раҳмон.
Ӯ илова намуд, ки феълан марҳилаи бунёди манзилҳои муосир расидааст ва маслиҳат дод, ки тоҷикистониён саросема нашуда, хонаҳоро бо санъати баланди меъморӣ созанд, чун тамоми масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад.
Дар робита ба ин, мақомоти марбута муваззаф шуданд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд. Раисиҷумҳур ҳамчунин дастур дод, ки барои омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.