Раҳмон барои сайру гашт ба кӯдакони ношунаво ду автобус тақдим кард

Президент ба хонандагони мактаб-интернат барои ба сайру тамошо баромадан 2 адад автобус тақдим кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Рӯзи 27 декабр, Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шудааст.

Тибқи иттилои котибоит раисиҷумҳур, феълан дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Аз ҷумла, мактаб-интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ буда, ҳамчунин аз кабинетҳои методӣ, синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютер иборат буда, китобхонаи таълимгоҳ бо 8200 нусха китоби таълимӣ таъмин ва  наздик ба 3 ҳазор китоби бадеӣ барои мутолеа дастраси хонандагон мебошад.

Раҳмон: “Пас аз суханони ман тиру камон гирифта, ба сари соҳибкор наравед!”

Китоби махсуси "Имову ишора" барои хонандагони синфҳои аз 1 то 3 ба пурагӣ дастраси хонандагон мебошад, омадаатс дар хабарнома.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хоса, ба фаъолияти мутахассисон зоҳир гардида, дар ин доира наздик ба 60 нафар омӯзгорони соҳибтахассус, ки аз курсҳои махсуси бозомӯзӣ гузаронида шудаанд ба тарбиятгирандагон дарс мегӯянд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамчунин 7 нафар омӯзгори имконияташон маҳдуд низ ба дарсомӯзӣ машғул мебошанд.

Бино ба гузориши котибот, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона тақдим намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфтааст.

Таъкид гардидааст, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукуматро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Сарвари давлат омӯзгоронро муваззаф намудааст, ки нисбат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ғамхору меҳрубон бошанд ва тамоми кушишро ба харҷ диҳанд то хонандагон аз донишҳои муосир ҳамаҷониба бархурдор гарданд.

Ҳамчунин Президент ба хонандагони мактаб-интернат барои ба сайру тамошо баромадан 2 адад автобус тақдим кардааст.