Пешниҳоди Убайдуллоев ба Ҳукумат барои ба шаҳрак табдил додани 15 деҳа

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, азм дорад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия то 30-солагии Истиқлолият деҳаҳоеро, ки маркази маъмурии ноҳияҳо мебошанд, ба шаҳрак табдил диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Убайдуллоев қаблан барои муайян кардани теъдоди навоҳие, ки маркази маъмурияшон деҳа мебошад, дастур дода буд ва муайян шудааст, ки феълан чунин навоҳӣ 15 ададро ташкил медиҳанд.

Парлумон пешниҳоди вакилони халқи ВМКБ - ро пазируфт

Ӯ рӯзи 25-уми декабр зимни ҷаласаи палатаи болоии парлумон иттилоъ дод, ки Маҷлиси миллӣ таҳлил гузаронда, бо назардошти ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба Ҳукумат пешниҳоди табдили деҳаҳо ба шаҳракро ироа кардааст.

“Дар ин замина баҳри пай дар пай амалисозии фаъолияти судманд оид ба категорияи шаҳрак мутобиқ ва мансуб донистани марказҳои маъмурии 15 ноҳияи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дахлдор ирсол ва омодагии комилро баҳри ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуд”, - иттилоъ додааст котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон.

Убайдуллоев таъкид кардааст, ки дар асоси ин пажӯҳишҳо ҳамин сол ба марказҳои маъмурии ноҳияи Ховалинг — деҳаи Ховалинг ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон — деҳаи Мурғоб бо қарорҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ мақоми шаҳрак дода шуд.