Марги донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ: ҳукми Қурбонов барои қатли Дилмурод-акс

Додгоҳ Убайдулло Қурбонов, сокини 18-солаи шаҳри Душанберо барои қатли ҳамдарсаш Дилмурод Фозилов, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба 24 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Қурбонов Убайдулло Бежанович, зодаи соли 2001, сокини кӯчаи Шерализодаи шаҳри Душанбе дар қатли Дилмурод Фозилов гунаҳкор дониста шуда, ба 24 соли зиндон маҳкум гардид.

Қаблан Раёсати умури дохилии Душанбе, хабар дода буд, ки субҳи 8 октябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 07:30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино дар роҳ ба донишгоҳ байни 2 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муноқиша сар задааст.

Марги донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ: ҳукми Қурбонов барои қатли Дилмурод-акс

Манбаъ тавзеҳ дод, ки муноқишаю занозанӣ миёни Қурбонов Убайдулло, мутаваллиди соли 2001, сокини ноҳияи Сино, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Фозилов Дилмурод, зодаи соли 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ноҳияи Сино рух додааст.

“Дар ин ҳолат, донишҷӯ Қурбонов Убайдулло Бежанович аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди бо худ доштааш як бор ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович мезанад, ки дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳати вазнин охирон ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад”, - омадааст дар иттилоияи РВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки маъмурини милиса муттаҳам Қурбонов Убайдуллоро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир намуданд.

Ин фоҷиа дар ҷомеа сарусадои зиёдаро дар пай дошт ва мақомоти умури дохилии Тоҷикистон баъди он дар муассисаҳои таълимии кишвар амалиёти шартии “Корд”-ро роҳандозӣ карда, аз муҳассилин силоҳҳои гуногуни сардро мусодира намуданд.